18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Узбекистон майдони фурудгоҳ бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон идона ороста шуд.
Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони мамлакат бо гулу парчамҳои ду давлати дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.
Зимни суҳбати хоссае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ доир шуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, дӯстӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии давлатҳо мусоидат менамояд.