Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад

18-19 апрел дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Марҳилаи нави рушд, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҳамзамон бахшида ба ин рӯз барои нозирони ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати илмӣ-назариявӣ ва омӯзишӣ доир мегардад.

АКС: Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон