Роҳбарони марказҳои илмию таҳлилии Узбекистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд

Ҳайати роҳбарони марказҳои илмию таҳлилии Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Узбекистон Жавлон Ваҳобов, ки бо мақсади иштирок дар конфронси муштараки байналмилалӣ ба Тоҷикистон омадаанд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Барои меҳмонон сайри осорхонавӣ ташкил гардида, зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ онҳо бо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ аз наздик шинос шуданд.

Баъди анҷоми сайри осорхонавӣ директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Узбекистон Жавлон Ваҳобов аз шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташро навишт.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон