«Суғд-чорроҳаи бузурги шоҳроҳи абрешим»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар форум роҳбарияти вилояти Суғд, Кумитаи рушди сайёҳӣ, меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангони Узбекистон, намояндагони консулии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва тарабхонаҳо аз Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия иштрок намуданд.
Баррасии омилҳои асосӣ барои рушди хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, ҷалби мизоҷон, менеҷмент ва идоракунӣ, мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳа дар Осиёи Марказӣ ва Русия ва таҳияи барномаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани самаранокии корпоративӣ аз ҳадафҳои асосии форум буд.
Гуфта шуд, ки омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи хизматрасонӣ ва кор бо мизоҷон метавонад ба ҷалби сайёҳон заминаи мусоид гузорад.
АКС:Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон