Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷаласаи ҳайати мушовара барои ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Рустам Холматиён оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2024, ҳамчунин директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ», сардори шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон ва мудири бахши рушди сайёҳии шаҳри Ҳисор оид ба корҳои анҷомдода маъруза намуданд.

Ҳамзамон дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара масъалаҳои гурӯҳҳои кории доимамалкунанда дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дуруст амалӣ намудани фаъолияти онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби раиси кумита ба роҳбарони воҳидҳои сохтории марказӣ ва маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон