Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ дар самти рушди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса риштаи бокс мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин аз сатҳ ва сифати робитаҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҳамкории зичи мутақобилан судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс дар оянда изҳори умед намуданд.