Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

Имрӯз, 12 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва Узбекистон: уфуқҳои нави шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад, ки ташкилкунандагони он Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ мебошанд. Бо ин мақсад ҳайати Узбекистон дар ҷумҳурии мо қарор дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Дар робита ба ин дар Душанбе мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Узбекистон Жавлон Ваҳобов баргузор гардид,

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷумҳурӣ мебошад. Хайриддин Усмонзода нақши роҳбарони олии ду мамлакати дӯстро дар пешбурд ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуд.

Инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, аз ҷумла иқтисоди «сабз», фарҳангӣ ва сайёҳӣ барои ҳарду ҷумҳурии ҳамфарҳанг муҳим арзёбӣ шуда, иброз гардид, ки мавриди истифода қарор додани зарфият ва имконияти воқеӣ ва истифоданашуда ба манфиати давлатҳо мебошад.

Директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Жавлон Ваҳобов ба сатҳи равобити мавҷудаи илмӣ-таҳлилӣ байни ҳарду муассиса баҳои мусбат дода, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҷонибҳо баҳри тақвияти ҳамкории коршиносӣ талоши бештар менамоянд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Хайридин Усмонзода ва Жавлон Ваҳобов «Нақшаи амали Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ барои соли 2024» ба имзо расонида шуд. Ҳуҷҷати мазкур сафарҳои муштараки мутақобилаи коршиносӣ ба Тоҷикистон ва Узбекистон, иштироки муҳаққиқони ҳарду ҷонибро дар конфронсҳои аз тарафи ин институтҳо ташкилшаванда, нашри мақолаҳои муштарак, гузаронидани машваратҳои дуҷониба баҳри омодагӣ ба конфронси байналмилалӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Дар мулоқот аз ҷониби узбекистонӣ инчунин роҳбарону мутахассисони Маркази иттилоотӣ-таҳлилии равобити байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, Институти омӯзиши макроиқтисодӣ ва минтақавии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Узбекистон, Институти тадқиқоти байналмилалии Донишгоҳи ҷаҳонии иқтисод ва дипломатия, Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Ҷонибҳо баргузории конфронсро давоми мантиқии сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳарду ҷумҳурии дӯст арзёбӣ намуда, минбаъд низ идома додани чунин анъанаи неки ҳамкориро ба манфиати ҳарду мамлакат арзёбӣ намуданд.

АКС:АМИТ «Ховар»