Дар Душанбе Мактаби байналмилалии театрии Александринский баргузор мешавад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Мудири театри драмавии миллии Русия (Театри Александринский) Сергей Емелянов мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили марбут ба густариши ҳамкории  Тоҷикистон ва Русияро дар соҳаҳои фарҳанг, аз ҷумла масъалаҳои ташкили мубодилаи театрҳо дар қаламрави ду давлат, гурӯҳҳои мусиқӣ, намоишҳои санъат ва инчунин тақвият додани ҳамкорӣ  байни муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъатро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин  масъалаи аз 24 то 27 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Мактаби байналмилалии театрии Александринский муҳокима гардид.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия