Дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» даври ниҳоии озмун барои дарёфти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2023-2024 байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин муассисаи давлатӣ хабар доданд.
Дар оғози ҳамоиш Раиси Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси шаҳри Душанбе бо аъзои комиссия ва мутасаддиён вохӯрӣ намуда, барои дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани озмун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиён дарстуру супоришҳои мушаххас дод.
Гуфта шуд, ки даври ноҳиявии озмун аз 28 март то 2 апрел дар сатҳи ноҳияҳои шаҳр бо иштироки беш аз 2 ҳазор довталаб доир гардида, 500 хонандаи муассисаҳои таълимӣ, 193 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Даври ниҳоии озмун аз 8 то 13 апрел идома меёбад. Довталабоне, ки холҳои баландро соҳиб мешаванд, гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мешаванд.
Ғолибон дар чорабинии бошукуҳи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе қадрдонӣ мешаванд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»