Дар Бадахшон Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид

Дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид, ки дар он аз шаҳру ноҳияҳои вилоят занону ҷавондухтарон бо дастовардҳояшон дар соҳаи ҳунармандӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик гузаронида мешавад.

Баргузор намудани чунин фестивалҳо хеле ба маврид буда, аз як тараф агар ҳунари волои аҷдодӣ ҳифз шавад, аз тарафи дигар таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ҷалб менамояд.

Тавассути ин фестивал  ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардида, барои пойдории арзишҳои фарҳангӣ заминаи устувор гузошта мешавад.

Дар даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»   шаҳри Хоруғ бо Дипломи дараҷаи 1, ноҳияи Рӯшон бо Дипломи дараҷаи 2, ноҳияи Дарвоз бо Дипломи дараҷаи 3 ва дигар ноҳияҳо барои иштироки фаъолона бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон