Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввара ва намунаҳои ҳунарҳои мардумии Туркманистон ташкил гардид

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони фарҳангу санъати Туркманистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, намоиши мазкур дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш муовинони вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон Манучеҳр Шарифзода ва Нурсахад Ширимов изҳор доштанд, ки намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои фарҳангии онҳо нақши назаррас мегузорад.

Дар намоиш намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангии Турманистон, аз қабили мусаввараҳо, қаламкашиҳо, созҳои мусиқӣ, зарфҳои муосир, қолинҳои гуногунҳаҷми абрешимӣ, ҷомаҳо, рӯймолҳо, китфпӯшҳо, рӯйҷоҳои мунаққаш, ороишоти занона ва аксҳое, ки инъикосгари таърихи қадим ва муосири Туркманистон мебошанд, манзури тамошобинон гардонида шуд.

Намоиш дар фазои дӯстӣ ба анҷом расида, меҳмонон толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон