Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, рӯзномаҳои давлатӣ ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон менамояд. Фестивал –озмуни «Вассофи Ватан» бо мақсади иҷрои банди 27-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024» гузаронида мешавад.
Фестивал-озмун аз моҳи апрел то охири октябри соли 2024 гузаронида шуда, мавод барои озмун тавассути почтаи электронии ozmun@khovar.tj то охири моҳи октябр қабул мегардад.
Мавод ба фестивал-озмун бояд дар шакли чопӣ ва электронӣ (шрифти Palatino Linotype 14 дар формати А4 ба андозаи аз 2 то 5 саҳифа), видеоролик дар ҳаҷми 3-5 дақиқа, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ дар ҳаҷми то 15 дақиқа ирсол карда шавад.
Фестивал — озмуни «Вассофи Ватан» дар чор номинатсия — «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ» дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронида мешавад.
Ба ғолибони ҷойи якум 7 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 5 000 ва ҷойи сеюм 3 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.
Телефонҳо барои тамос: 888-08-34-04, 238-54-23
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе