29 марти соли 2024 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, баҳри минбаъд муайян намудани хати сарҳад байни ду давлат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Инчунин ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати идомаи раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»