Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Байни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии илмии буҷавии федералии Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир созишномаи ҳамкории фаъолияти таҳқиқоти илмӣ, илмию ташкилӣ, фарҳангӣ ва табодули таҷриба дар заминаи технологияи китобдорӣ ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ хабар медиҳад, созишнома 19 март дар Новосибирск аз ҷониби Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода ва директори Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Ирина Лизунова ба имзо расид.

Созишнома ба муҳлати 5 сол ба имзо расида, ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифз, тармим ва рақамикунонии мероси китобии таърихӣ ва фарҳангии ду мамлакат, такмили технологияи таъминоти иттилоотии таҳқиқоти фундаменталии илмӣ ва амалӣ, таъмини дастрасӣ ба пойгоҳои иттилоотӣ, муттаҳид намудани кӯшишҳо дар инкишофи неруи иттилоотӣ, илмию кадрӣ, таъмини пайвастаи омӯзиш, баланд бардоштани сатҳи таълими умумӣ ва фарҳангии мутахассисони китобхонаҳо, мубодилаи иттилооти библиографиро дар бар мегирад.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон