АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Дар ноҳияи Дарвоз дар Наврӯз ҳар писарбача бояд ҳафт ниҳоли босамар шинонад

Дар натиҷаи таҳлилу таҳқиқи маълумоти этнографӣ муайян гардид, ки дар баробари айният ва умумият Наврӯзи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз дигар минтақаҳои вилоят бо хусусияти хосаш фарқ дорад. Дар ин хусус номзади  илмҳои  таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Аловидин Шоинбеков ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро иброз намуд.

Мавсуф иброз намуд, ки якум тафовут- ин бо сурудҳои бачагонаи наврӯзӣ пешвоз гирифтани он аст, масалан

Чак-чак ҳаво кун,
Сангчак ҳаво кун…

Баъдан  дар ноҳияи Дарвоз пеш аз Наврӯз ҳамин, ки раъду барқ мешуду борони нахустини баҳорӣ ба боридан шуруъ мекард, яке аз аҳли хонавода ба воситаи равзан ба боми хона қошуқ мепартофт. Сипас баромада медид, ки агар қошуқ якпаҳлу афтида бошад, ин рамзи серборонӣ, серҳосилӣ, фаровонӣ ва файзу баракат ҳисоб мешуд. Агар қошуқ  рӯ ба боло бошад, одамон чунин меҳисобиданд, ки соли камборишу хушк хоҳад шуд.

Инчунин дар деҳаи Ёгеди Дарвоз расм аст, ки дар рӯзи Наврӯз ҳар писарбача бояд ҳафт ниҳоли босамар шинонад ва парвариш кунад, то ҳангоми ба синни балоғат расидан имкони дар иди Наврӯз хонадор шуданро пайдо намояд.

Хусусияти хоси фарқкунандаи таҷлили Наврӯзи Дарвоз аз дигар мавзеъҳои Бадахшон он аст, ки дар Дарвоз суманак айнан ба мисли дигар ноҳияҳои ҳамвори Тоҷикистон пухта мешавад. Бояд тазаккур дод, ки дар байни сокинони Рӯшону Шуғнон суманакпазӣ нест. Ба ҷойи он бат ва боҷ мепазанд. Дар Вахони Ишкошим шакли дигари суманак мавҷуд аст.

Дар Равнов ва Ёгед  дар деворҳои хона (гирди тирезаҳо) бо сафедхок «қадбачаҳо» мекашанд, ки рамзи шумораи одамони хона буда, аввал сарвари оила, соҳибхоназан ва фарзандонашон барқад акс меёбанд. Ҳатман паҳлуяшон расми нону кулчаҳо, ки ифодагари серию пурии соли наванд, инъикос мегардад.

Дар ноҳия дар арафаи иди Наврӯз аз кӯдаки гаҳвора то пири барҷомонда ҳама бояд либоси нав пӯшанд. Занҳо аз матои сатранҷӣ либос медӯхтанд ва рӯймолҳоро махсус гулбаст (гулпартоӣ) менамуданд. Барои мардон ҷелакҳо дӯхта, гиребони либосҳоро гулдӯзӣ мекарданд. Сокинони ноҳияи Дарвоз бо либоси чакани худ ва умуман бо ҳунари кашидадузӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ маъруфу машҳур мебошанд. Чакани дарвозӣ рамзҳои сеҳромези наврӯзӣ дорад ва беҳуда нест, ки мавқеи калидӣ дар гулдӯзиҳои чакан рамзи Офтоб, шуълаи офтоб ва партафшонии шуълаи он мебошад.

Месазад гуфт, ки «шаби Бурвеҷ»-и деҳаи Ёгед ва «Аловпарак»-и деҳаи Ҷорф низ аз рамзҳои наврӯзӣ мебошанд.

«Шаби Бурвеҷ» яке аз анъанаҳои хеле қадимаи наврӯзӣ аст, ки ба мардуми деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз хос аст. Дар чор майдони маҳаллаҳои  Ёгед — Саридӯ, Минадӯ, Буни Ҷар, Пунидӯ тамоми сокинони деҳа якҷо  ҷамъ шуда, гулханҳои калон даргиронида, гирди он суханрониҳо ва рақсу бозӣ мекунанд. Бо паст шудани алангаҳои оташ аз болои он мепаранд, то ки гуноҳҳояшонро пок созанд. Ин анъанаро «Аловпарак» мегӯянд.

Дар собиқ деҳаи Равнов шаби даромади Наврӯз дар болои ҳамаи бомҳои деҳа оташ меафрӯхтанд, ки 40 гулхан дар як вақт фурӯзон шуда, деҳаро ба чароғистон табдил медод.

Баъди «Шаби Бурвеҷ» дар субҳи рӯзи Наврӯз дар Ёгед маросими дигар бо номи бурдани сафедӣ ё сафедгирон анҷом дода мешавад. Бачаҳо ва ҷавонон либосҳои нав ба бар карда  ба хешу табор, ёру дӯстон, пиронсолон яктоӣ тухми мурғ тақдим менамоянд. Инро маросими «тухмгузаронӣ» меномаданд. Бегоҳии рӯзи Наврӯз фақат духтарон дар як хона ҷамъ шуда, то субҳ рақсу бозӣ ва сурудхонӣ мекунанд.

Дар баъзе бозиҳои наврӯзии сокинони Дарвоз фарқият дида мешавад. Масалан, дар Равнов бозиҳои гуногуни буҷул, аз қабили «харболо», «чорпай», «загул», «кушак», «давра» вуҷуд дорад. Ҳамчунин байни духтарон ва писарон базми гул ё гулгардонӣ  яке аз бозиҳои наврӯзӣ маҳсуб мешавад.

Тафовути дигар бо номи «Ҳуснгирон» аст. Ин  ба он маъно аст, ки занон то Наврӯз рӯи худро ба касе  нишон намедоданд. То ҷашни Наврӯз либосҳои фақирона ва кӯҳна мепӯшиданд. Баъд аз он дар шаби Наврӯз беҳтарин либос ва хилъат мепӯшиданд, худро бо беҳтарин ороишот зиннат ва ороиш медоданд.

Дар Дарвоз бегоҳии рӯзи иди Наврӯз аз хона падарону бародарон ҳаққи падарӣ, бародарӣ ва хешӣ гуфта, барои духтаронаш орд меоранд. Духтарҳо дар дастархон нону кулча, орзуқу тухм гирифта, ба хонаи падар мерафтанд. Падарону бародарон ин туҳфаҳоро гирифта, дар иваз кулчаву нону ҳалво ва либос медоданд.

Дар Дарвоз ҳангоми оғози «ҷуфтбаророн» юғу сипорро бо шилшилакҳо оро медоданд. Дар деҳаи Ҷорф барзаговҳоро ҷуфт ва дар пешониашон рӯймоли сафед мебанданд. Миёни ҷуфтгарро ҳам бо миёнбанди сафед мебанданд ва ӯ дар замини назди хона ҷуфтронӣ менамояд.

Баъдан дар рӯзи сеюми Наврӯз  тамоми занҳои деҳа ба хабар гирифтани беморону азодорони деҳа мераванд ва онҳоро бо соли нав – ҷашни Наврӯз табрик намуда, барояшон шириниҳо ва сафедиҳо тақдим карда, аз ҳолу ахволи онҳо бохабар мешаванд.

Дар Дарвоз дар ҷашни Наврӯз дар се ҷой: дар хона,  ҷашнгоҳ ва дар суманакпазӣ дастархони наврӯзӣ густурда мешавад.

Дар деҳаи Ҷорф мардум аз кӯҳу пушта меваи як навъ буттаи махсус, ки «луфток» ном дорад, оварда, дар дег андохта, мепазанд. Ин мева ба меваи ангури табиӣ (онро дар забони маҳаллӣ ангури сагак мегӯянд) монандӣ дорад. Баъдан бо санги хос, ки «далясанг» унвонаш мекунанд, ин меваҳоро пора намуда, хамир мекунанд. Хамирро дар шохаҳои  тахминан якметраи дарахти махсус часпонда, дар шоҳсутуни хона, ки ҷойи химчамонӣ муқаррар шудааст, се ва ё чор химчаро ҷо дода, месӯзонанд.

Дар баробари ин дар деҳа хӯрокҳои ширӣ, аз қабили рӯғанҷӯшӣ, ширҷӯш, ширрӯған, ширбиринҷ, қурутоб, ширбат, дӯғбат, ширҳавло, ҷурғот, гулбарсар, фатирмаска, ширмаска, фатирравған, далябо, сару почаи гӯсфанд, тарҳавло, тутпистҳалво, ревичҳалво, суманак ва нони суманак бо маска, фатир барои қурутоб, хамирфатир барои ширҷӯш ва рӯғанҷӯшӣ, гирдача, хаснон, сатрӣ, чапотӣ ва кулчаҳои гуногун бо ширу равғану тухм, сустак, чалпак, орзуқ, тухмҳои ранга ва ғайра пухта тайёр менамуданд. Дастархони идона, албатта, бо суманак, ширинӣ, равғанӣ, донагӣ, шарбат, мевагӣ, хушбӯӣ ва монанди инҳо оро дода мешавад.

Хуллас, баъзе хусусияти асосии Наврӯзи Дарвоз муайян ва баррасӣ гардид, ки хислати ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва маҳаллӣ доранд. Дар умум ҷашни Наврӯзи Дарвоз решапайванди Наврӯзи ниёгони халқи куҳанбунёди тоҷик буда, аз таърихи қадими ориёиҳо сарманшаъ мегирад.

АКС аз манбаъҳои боз