Дар пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба беш аз 14 ҳазору 500 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд ва 9 ҳазор сарбоз кумак расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Кумакҳо дар заминаи ибтикороти «аёдат ва супоридани туҳфаҳо» ва бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақи иҷтимоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълимгирандагони мактаб-интернатҳо, шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ниёзманд супорида шуд.
Кумакҳо аз орду равған, шакару тухм, картошкаву пиёз ва сабзиву макарон иборат буд.
Дар доираи иқдомҳои хайрхоҳона ва дар ҳошияи ҷашни Наврӯз туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе ба ҳайати бошандагону таълимгирандагони як зумра мактаб интернатҳои пойтахт- Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии «Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор», Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии асосии «Мактаб-интернети рақами 3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта», МД таҳсилоти ибтидоии “Мактаб интенати рақами 4 барои кўдакони имконияташон маҳдуд”, МД таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати рақами 5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд», МД «Хонаи кӯдакони рақами як барои кӯдакони ятиму бепарастор», МД «Маркази дастгирии оила ва кўдаки рақами 1», Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ барои нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ва МД шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шавқат тақдим карда шуд.
Аснои супоридани кӯмакҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе табрикоти самимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба бошандагони муассисаҳо ва сокинон ба муносибати фарорасии Соли нави аҷдодӣ расониданд. Баҳраманд гардидан аз кумакҳои мазкур, бахусус барои кӯдакону наврасон хело ҳам хурсандибахш буд ва онҳо арзи сипосу миннатдории хешро ба Раиси шаҳри Душанбе ва кулли ташаббускорони ин амали саршори хайру савоб бо пешниҳоди барномаҳои ҷолиби омодакардаашон, ки бозгӯйи дунёи беолоиши кӯдаконаи онҳо буд, самимона баён доштанд.
Бояд гуфт, ки чунин амали инсонпарварона ва наҷиб чун иқдоми шоднамоӣ ва руҳбаландкунанда дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад. Мавриди тазаккур аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имкониятҳои маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли дасти кўмак дароз гардида, ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зимни суҳбат бо таълимгирандагони муассисаҳои мазкур таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳ ва дасти кумак дароз намудан ба шахсони ниёзманд аз тарафи давлату ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе идома ёфта, онҳо ҳамеша зери ҳимояву ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд.
Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона амалӣ мешавад. Ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ идома мебахшанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе