Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд

Субҳи имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба» баҳри пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр намудани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли нави аҷдодӣ пешвоз гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ корвони наврӯзии чор ноҳияи шаҳр бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршор аз шукгузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон аз чор самт вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар доданд.

Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукуҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии мамлакат, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукургузории сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди худшиносию меҳанпарастии кулли сокинони мамлакат таҷлил гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе