Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии Москва имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ MITT-2024 баргузор гардид, ки дар он 750 субъекти хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз 21 давлати дунё иштирок намуда, зарфияти сайёҳиашонро пешкаши ҷаҳонгардон намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин намоишгоҳи бошукуҳ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистонро дар масоҳати 64 метри мураббаъ ташкил намуд, ки дар он ширкатҳои сайёҳии ватанӣ фаъолона иштирок намуда, хизматрасонии сайёҳӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, маҳсулоти сайёҳӣ, дастовезҳои ҳунармандӣ ва дар маҷмуъ захираҳои сайёҳии Тоҷикистонро манзури алоқамандони сайру саёҳат намуданд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар назди гӯшаи сайёҳии мамлакати мо базми карнаю сурнайи тоҷикӣ доир гардида, таҳти навои дилнишини мусиқии миллӣ гулдухтарони ансамбли рақсии «Санам» рақси миллии тоҷикиро пешкаши иштирокдорон намуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии MITT-2024 дар маҷмааи Крокус Экспои шаҳри Москва аз 19 то 21 март доир гардида, дар толори алоҳидаи он имконияти сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба таври васеъ манзури иштирокчиёни минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия гардонида мешавад.

Тавре иттилоъ дода мешавад, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ MITT-2024 барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони рус ва дигар ҷаҳонгардони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон