Дар Швейтсария либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муррифӣ шуданд

Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар шаҳри Туни Конфедератсияи Швейтсария дар маросими ифтитоҳии Намоишгоҳи либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад. 

Шараф Шерализода оид ба дастовардҳои миллӣ, фарҳанг ва тамаддуни куҳани мардуми тоҷик, аз ҷумла ворид гардидани мавзеи таърихии «Саразм» ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ва «Анъанаи бофтани атласу адрас», «Санъати чакандӯзӣ», «Ҷашни Наврӯз», «Мусиқии фалак» ва «Шашмақом» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО, инчунин оид ба имконоти сайёҳии мамлакат маълумотро манзури иштирокчиён намуд.

Намоишгоҳ аз 15 март то 1 апрел идома меёбад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария