«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд

Имрӯз бо ҷалби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт дар маҳаллаи М. Амиршоеви ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи Деҳи Болои ноҳияи Сино беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, зимни ниҳолшинонӣ қоидаҳои дурусти агротехникӣ риоя карда шуданд.

Ҳамчунин гурӯҳи дигари ҳизбиён дар маҳаллаи «Роҳиоҳанчиён»-и ноҳияи Шоҳмансур ва маҳаллаҳои «Гулбутта 1,2,3,4», «Гулпарвар» ва «Чимтеппа»-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳашар баромада, атрофи маҳаллаҳои мазкур ва ҳудуди майдончаҳои варзиширо аз ҳар гуна алафҳои бегона ва партовҳои маишӣ тоза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ташаббусҳои тозагиву хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 январи соли 2024 тасдиқ гардид, амалӣ мешаванд ва дар доираи ҳашари умумишаҳрии ҳизбиён таҳти шиори «Шаҳри ман – хонаи ман» то таҷлили 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе