Дар Душанбе оид ба нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз конфронси илмӣ-амалӣ оғоз шуд

«Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» — таҳти чунин унвон имрӯз дар пойтахти мамлакат бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ оғоз гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни конфронс иттилоъ медиҳад, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарияти шаҳри Душанбе, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, раисони шаҳрҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони масоили экологӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.

Ҳамоиш бо мақсади идомаи ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи иқдоми байналмилалии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2025 -Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо гузаронида мешавад.

Тафсилоти бештари конфронси илмӣ-амалӣ давоми рӯз манзур мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»