Барои як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои Колумбия, Ватикан, Сиерра-Леоне ва Ангола бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон сайри осорхонавӣ ташкил шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Сафирони давлатҳои хориҷӣ зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва давраҳои пурифтихори таърихи халқи т оҷик, махсусан бо ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ аз наздик шинос шуданд.
Сафирон аз шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро навиштанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон