Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ» ҷавондухтарону ҷавонписарон аз рӯйи ихтисосҳои тракторчӣ, мошиначӣ барои истеҳсолоти кишоварзӣ, дӯзанда, муҳосиб, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Тавре директори муассиса Саидмукаррам Гулов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар муассиса ба хонандагон касбҳои муҳим ва ба шароити имрӯза ҷавобгӯ омӯзонида мешаванд.
Гуфта шуд, ки дар айни замон дар муассиса 289 хонанда ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо 35 омӯзгори соҳибтахассус касбҳои коргарӣ меомӯзанд.
Саидмукаррам Гулов дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки барои таҷриба гирифтани хонандагоне, ки аз рӯйи касбҳои тракторчӣ барои истеҳсолоти кишоварзӣ таълим мегиранд, дар муассиса 4 трактор дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад. Инчунин барои таҷрибаи истеҳсолӣ дар тобеияти муассиса 129 гектар замин мавҷуд мебошад.
Хонандагоне, ки муассисаро хатм менамоянд, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ шуда, аз рӯйи касбҳои омӯхтаашон дар дилхоҳ ҷой ба кор қабул мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»