Дар доираи намоишгоҳи «ITB-BERLIN 2024» тақвияти ҳамкорӣ бо шабакаи меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ баррасӣ шуд

Ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар меҳмонхонаву осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии бонуфузи байналмилалӣ ва минбаъд бо кор таъмин гардидани онҳо аз масъалаҳои муҳиме буд, ки дар мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбарону намояндагони шабакаҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии Испания, Олмон, Миср, Қатар, Арабистони Саудӣ дар Олмон баррасӣ гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки вохӯриҳо бо роҳбарон ва намояндагони шабакаҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва ширкатҳои

сайёҳии Испания, Олмон, Миср, Қатар, Арабистони Саудӣ дар Берлин дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB -Berlin 2024» баргузор шуданд.

Пешниҳоди раёсати донишгоҳ вобаста ба ин самтҳо бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҷонибҳо барои тақвияти робитаҳои минбаъда дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон