Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар он 442 нафар иштирокчӣ, аз аз рӯйи 5 номина иштирок ва барои дарёфти Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.
Дар маросими ифтитоҳи озмуни мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар вазорату идораҳои марбута иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад муовини Сарвазири мамлакат – Матлубахон Сатториён иштирокчиёни озмунро ба маросими ифтитоҳи даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи иштирокчиёни озмун барору комёбӣ таманно намуданд. Ҳамчунин изҳор доштанд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар баргузор мегардад.
Имсол дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 83 нафар донишҷӯён, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат меварзанд.
Мавриди зикр аст, ки озмун аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср аз 5 то 17 декабр соли равон идома меёбад, ки дар ин давра иштирокчиён барои дарёфти Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.
Акс аз АМИТ «Ховар»