РУШДИ САЙЁҲӢ. Кормандони ширкатҳои сайёҳии Панҷакент ва Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд

Дар шаҳри Панҷакент кормандони ширкатҳои сайёҳии ин шаҳр ва ноҳияҳои Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ ба машварати омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, машварати омӯзишӣ бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба рушд, Ҳукумати Швейтсария, Ассотсиатсияи туризми ба ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон ташкил шуда, ба кормандони ширкатҳои сайёҳӣ оид ба тарзу усули хизматрасонӣ ба ҷаҳонгардон, муаррифии таомҳо ва ҳунарҳои миллӣ, пазироӣ дар меҳмонхонаҳо, ошхонаю тарабхонаҳо, хонаҳои пазироӣ, захираю имконияти сайёҳии мамлакат, хатсайрҳои сайёҳии таърихӣ, экологӣ, агросайёҳӣ ва кӯҳӣ маълумот пешниҳод гардид. Ҳамчунин ба онҳо роҳнамо ва адабиёти зарурии соҳавӣ дода шуд.

Бояд гуфт, ки рушди сайёҳӣ, муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон ва муҳайё намудани инфрасохтори ин соҳа аз масъалаҳои муҳиме аст, ки мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ҳоло дар шаҳри Панҷакент 26 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки сайёҳони дохилию хориҷиро барои шинос шудан бо ёдгориҳои беназири таърихӣ, манзараҳои нотакрори Ҳафткӯлу Кӯли Калон ва дигар минтақаҳои сайёҳии Кӯҳҳои Фон пазироӣ менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент