«МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН!». Пагоҳ дар шаҳри Кӯлоб таҳти ин унвон форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад

5 марти соли равон дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Хатлони бостон!» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Хатлон».

Дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Марҳабо ба Хатлони бостон!» роҳбарияти вилояти Хатлон ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ, доираҳои сармоягузорӣ ва коршиносони байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Форуми мазкур дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории он мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди сайёҳӣ мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияту субот ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар ҷумҳурӣ шароити мувофиқ фароҳам оварда шуда, воридшавии сайёҳон ба ҷумҳурӣ сол то сол меафзояд.

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ин самти муҳим ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта истодааст.

Дар айни ҳол дар қаламрави вилояти Хатлон 933 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошад, аз ҷумла 721 ёдгории бостонӣ, 125 ёдгории меъморӣ ва 87 ёдгории монументалӣ.

Мояи ифтихор аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон, аз қабили «Қалъаи Ҳулбук» -и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, мадрасаи «Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритус, шаҳраки «Тахти Сангин» -и ноҳияи Қубодиён ва Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»-и ноҳияи Дӯстӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки ҳамарӯза сайёҳон ба тамошои ин мавзеъҳо меоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба вилояти Хатлон дар моҳи январи соли равон, дар умум, 33327 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ омадаанд, ки аз ин ҳисоб 3589 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»