Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин аз тамошои Қалъаи Ҳисор таассуроти нек бардошт

Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин таҳти роҳбарии муовини якуми директори Мактаби  ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Се Чунтао, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар шаҳри Ҳисор бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуданд. Ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, ки ҳайати меҳмононро дар регистони Қалъаи Ҳисор роҳбарияти шаҳри Ҳисор истиқбол ва хайрамақдам гуфт.

Меҳмонон баъди тамошои Қалъаи Ҳисор таассуроташонро оид ба фарҳанги волои тоҷикон, саҳми арзишманди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин дар тақвияти равобити давлатҳо, решаҳои таърихӣ доштани дӯстии миллатҳо, саҳми тоҷикон дар таҳкими «Роҳи бузурги абрешим» ва сатҳи баланди меҳмоннавозии тоҷикон нек арзёбӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор