Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам устувортар мегардонад. Ин нукта дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Муборак бод авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ифтихори 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода дар ҷамъомади идона гуфт, ки «имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил менамоянд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ 23 феврали соли 1993 дар шароити ниҳоят мураккаб таъсис дода шуд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз дар нахустин солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба таҷдиду навсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонида эътибори хосса зоҳир намуда, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шуруъ намуд».
Таъкид шуд, ки дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мутахассисони соҳибкасби соҳаи ҳарбӣ омода гардида, ба дифои марзу бум ва таъмини сулҳу оромии Тоҷикистон ҷалб мегарданд. Зеро, суботу пойдории амнияту оромӣ ва осудагии мамлакат ба неруи Артиши миллӣ ва ғайрати ҷавонони ҳимоятгари марзу буми мамлакат вобастагии зиёд дорад.
Дар фазои тантанавӣ барои ҳамкории судманд роҳбарияти донишгоҳ бо «Сипоснома»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиши ҷашнӣ суруду таронаҳои тараннумгари сулҳу дӯстӣ ва Ватану Тоҷикистон садо доданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон