Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намоиши аксҳо баргузор гардид

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва ба ифтихори Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намоиши ҷашнии аксҳо баргузор гардид, ки дар он намояндагии корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати кормандону роҳбарияти Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Дар ибтидои намоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдураҳмон ар- Рушайдон гуфт, ки ҳамасола 22 феврал Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо номи «Рӯзи таъсис» санаи таъсиси мамлакатро таҷлил менамояд.

Ҳамзамон дипломати саудӣ доир ба таърихи таъсиси мамлакати Арабистони Саудӣ, марҳилаҳои рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин кишвар ибрози назар намуд.

Дар намоиш аксҳое, ки таҷассумгари таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон