Дар Теҳрон шоми муштараки фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Дар доираи баргузории Шоми муштараки фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон мулоқоти муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода бо муовини якуми Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон доктор Доробӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба ҳамкории мутақобилан судманди ду давлати дӯст ибрози назар намуда, ҷиҳати таҳкими бештар бахшидани ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг таклифҳои муфид пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот нақши муҳим ва иқдоми амалии роҳбарони олии ҳарду давлати дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Эрон дар рушд ва густариши робитаҳои ҳасанаи дуҷониба таъкид шуд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон