Пагоҳ, 22 феврал дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Роҳбарони гурӯҳҳои кории доимамалкунанда дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо дар ҷаласа иштирок менамоянд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шарҳвандон, ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби кумитаҳои рушди сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди маҳал, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва кишоварзӣ муҳокима гардида, аз рӯйи натиҷаи он нақшаи амали гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ тасдиқ мешавад.
АКС аз бойгонӣ