28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар асоси қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Шуро 28 феврали соли 2024, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
АКС аз бойгонӣ