«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Таҳти ин унвон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои гуногун доир мегарданд

Дар доираи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои гуногун, аз қабили ҳамоишҳо, семинару мизҳои мудаввар ва озмуну мусобиқаҳои ҳарбӣ- варзишӣ бо иштироки ҷавонони синни даъватӣ ва сарбозону сержантон ташкил ва баргузор мегарданд.

Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар толори варзишии тирпаронии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба тирпаронӣ бо ҷавонони синни даъватӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 100 нафар иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин ҷалб намудан ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд