Бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки занону духтарони фаъол, раисони шаҳраку маҳаллаҳо барои таъсиси гурӯҳҳои корӣ доир ба пешгирии фарҳанги бегона ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино хабар медиҳад.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки зани тоҷик бояд бо гуфтору рафтори шоиста, донишу маърифат, ахлоқу маънавиёти баланд ва бо арҷгузорӣ ба либосу фарҳанги миллӣ ворисони арзандаи ниёгон бошанд.
Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаи татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2022-2030» ва «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои терористию ифротгаро, тамоюлҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳангӣ мо бегона ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ мақсади асосии чунин ҷаласаҳо мебошад.
Зимни суҳбат инчунин оид ба пешгирии омилҳои номатлуб, ҷинояту ҷинояткорӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, таълиму тарбия, одобу рафтор, соҳибкасб ва соҳибмаълумот гардидани духтарон, омода гардидани онҳо ба ҳаёти мустақилона сухан гуфтанд.
Ёдоварӣ шуд, ки дар робита ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи Модар таъкид намуданд, ки: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони мамлакат, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳо низ ба раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо намуда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро байни занону духтарони мо паҳн намуда, мехоҳанд дар мамлакат боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд».
Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллат истифода намебаранд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи халқи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Агар яке аз рукнҳои ҳувияти миллӣ забон бошад, рукни дигараш либос ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки барои аз байн бурдани фарҳанги бегонапарастӣ ва арҷ гузоштан ба либоси миллӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ доир намуда, дар робита ба ин чорабиниву аксияҳои гуногун доир менамояд. Аз ҷумла, Кумита ҳамасола шуруъ аз аввали баҳор аксияи «Тоҷикона мепӯшем!»-ро дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо баргузор менамояд.
Ҳадаф аз баргузории ин маърака тарғиби либоси миллӣ мебошад, зеро вақте сухан аз сару либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хоссаи зебо, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошад, пеши назар меояд.
Мақсади дигари баргузории ин маърака — пешгирии либоспӯшии бархе занон ва ҷавондухтарон аст, ки мутаассифона, имрӯз бо тақлид ба фарҳанги бегона либоси ғайр ба бар менамоянд. Аз ин рӯ, чунин маъракаҳо метавонанд бо дастгирии волидон, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеа садди роҳи бегонапарастӣ шаванд.
Либосҳои хоси зани тоҷик- атласу адрас ва чакан ҳам ба зани роҳбару соҳибкор, ҳам ба олиму омӯзгор, ҳам ба кадбонуҳои хонадон ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб зебанда мебошанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино