НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро тамошо намудаанд

Соли 2023 мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро 11 073 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7074 сайёҳи хориҷӣ тамошо намудаанд. Чунин иброз дошт Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Зафар Гулзода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар айни замон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 7 ширкати сайёҳии шикорӣ фаъолият менамояд. Харитаи сайёҳии  ноҳия бо забонҳои русию англисӣ ба истифода дода шудааст.

Изҳор гардид, ки соли 2023 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 114 миллиону 707 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Алҳол дар ноҳия 14 корхонаи хурду бузурги саноатӣ сабт шудааст.

Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъсиси ҷойи нави кор соли 2023 дар ноҳия корхонаи ҶДММ «Шоҳкори хишт», ки ба истеҳсоли хишти бинокорӣ машғул аст, ба истифода дода шуд.

«Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 554 миллиону 783 ҳазору 700 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022  ба маблағи 12 миллиону 959 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад», — иттилоъ дод Зафар Гулзода.

АКС: АМИТ «Ховар»