12 феврали соли равон дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори Фонди глобалии экологӣ Карлос Мануел Родригес баргузор гардид, ки дар рафти он ҷонибҳо масъалаи вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавзуи тағйирёбии иқлим, аз даст додани гуногунии биологӣ, ифлосшавии муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ибрози андеша намуданд.
Баҳодур Шерализода дар вохӯрӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи чаҳонӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дастгирӣ аз ҷониби фондҳои экологӣ ва шарикони рушд ҷиҳати амалишавии онҳо ба манфиати сокинони сайёра хоҳад буд.
Дар қисмати ниҳоии мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди глобалии экологӣ дар заминаи гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зистро тақвият бахшанд.
Ҳамзамон Баҳодур Шерализода Карлос Мануел Родригесро барои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муносиб барои аз наздик шинос гардидан бо табиати ҷумҳурии мо даъват намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон