Бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021- 2025 амал менамояд, ки дар доираи барномаи мазкур имрӯзҳо марказҳои ҳунармандӣ ба таври густурда фаъолият менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ, барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021- 2025 таҳяи гардидааст, ки дар доираи амалигардии барномаи мазкур имрӯзҳо дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат марказҳои ҳунармандӣ фаъолият менамоянд.
Маркази ҳунармандии “Сад ранги чакан”–и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз зумраи чунин марказҳое мебошад, ки ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо дар он омӯзиши ҳунари қадимаи миллати тоҷик – “Чакандӯзӣ” ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда шудааст.
Айни замон дар ин марказ барои 30 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.
Дар маркази мазкур баробари омӯзонидани ин ҳунари қадима ба ҷавондухтарон маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст ба намоиш ва ба фурӯш гузошта шудааст, ки сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд аз онҳо харидорӣ ва ба таври васеъ истифода намоянд.
Бояд гуфт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ бевосита ба ташаккулёбии бозори меҳнат ва таъмини шуғли аҳолӣ таъсири самарабахш мерасонад. Аз ин рӯ, маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунармандон тавассути мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз соли 2019 иҷониб дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат давра ба давра ифтитоҳ гардиданд, ба харидорон пешниҳод карда мешавад.