Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии шаҳри Теҳрон гўшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардид

12 феврал дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ оғоз гардид, ки дар он гўшаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил шуд. Намоишгоҳи мазкур то 15 феврали соли равон идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Зиёдулло Салимзода дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳии мамлакат дар гўшаи Тоҷикистон имконияту зарфиятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла чанд намуди сайёҳӣ ва хатсайрҳои дар ин соҳа ташкилшударо ба иштирокдорони Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ муаррифӣ намуданд.

Меҳмонон ва иштирокдорони намоишгоҳи мазкур гўшаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карда, барои сафар ба сарзамини офтобрўяи мо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки 18 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид. Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Интизор меравад, ки бо тақвият додани ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ миёни ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити сайёҳон боз ҳам густариш меёбад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон