Соли 2023 шумораи умумии сайёҳони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, 1 миллиону 358 ҳазор нафарро ташкил намуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф ҳамзамон иброз намуд, ки аз ин шумора 1 миллиону 256 ҳазору 200 сайёҳ ё 92,5 фоиз ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 101 ҳазору 800 нафар ё 7,5 фоиз ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, 1 201 000 нафарашон сайёҳ арзёбӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 201 ҳазор сайёҳ ё 20,2 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумот, воридшавии сайёҳон ба Тоҷикистон аз 121 давлати ҷаҳон сабт шудааст.
Соли 2023 дар маҷмуъ 306 субъекти хизматрасони сайёҳӣ фаъолият намуд, ки инҳо 190 меҳмонхона, 34 хостел ва мотел, 52 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагери солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, кемпинг, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошанд.
Аз ин шумора дар шаҳри Душанбе 36 меҳмонхона, 9 хостел, мотел ва дигар намуди меҳмонхонаҳо бо иқтидори 1925 ҳуҷра ва 3720 кати хоб ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд.
То 1 январи соли 2024 дар Тоҷикистон 224 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии кумита фаъолият доранд, ки аз ин миқдор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 41 ширкати сайёҳӣ, шаҳри Душанбе- 106 адад, вилояти Суғд- 45 адад, вилояти Хатлон- 17 адад ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 15 ширкат рост меояд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»