Дар Москва вохӯрии вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод иштирок намуданд.
Иштирокчиёни мулоқот натиҷаҳои асосии ҳамкории бисёрҷонибаро дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳокима намуда, вазифаҳои асосии таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон бо ин вобаста ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор доир шуд.
Дар мулоқот инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иштирок намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия