Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 647 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон шуруъ аз соли 2022 бо дастгирии Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят лоиҳаҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифз ва аз нав барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ амалӣ мешаванд. Ин нукта зимни ҷаласа оид ба иҷрои нақшаи кории Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ вобаста ба рушди сайёҳӣ дар вилоят иброз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо, аз нав барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру навсозии дигар иншооти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла Осорхонаи Карон дар ноҳияи Дарвоз ба маблағи 857 240 сомонӣ, меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ванҷ ба маблағи 491 749 сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Рӯшон ба маблағи 570 883 сомонӣ, мақбараи Шоҳ Бурҳони Валӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба маблағи 556 720 сомонӣ, Осоишгоҳи «Авҷ» ба маблағи 566 409 сомонӣ, Боғи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи 534 917 сомонӣ, толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Хоруғ ба маблағи 561 000 сомонӣ ва Қалъаи Ямчун дар ноҳияи Ишкошим ба маблағи 5 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ даврҳои кӯтоҳмуддат дар рушди соҳаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва баланд бардоштани касбияту малакаи кории кормандони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ баргузор шуданд. Дар он аз вилоят 32 корманди тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳою ошхонаҳо иштирок намуданд.
Инчунин шуъбаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи сайёҳӣ-экологии фарҳангии Помир барои кормандони осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Авҷ», «Бибӣ Фотимаи Заҳро» ва «Ҷелондӣ» бо ҷалби коршиносони Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар мавзӯи «Маркетинг ва меҳмоннавозӣ» омӯзиши соҳавӣ баргузор намуд.
Моҳи ноябри соли 2023 тибқи супориши раиси вилоят шуъбаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Ассотсиатсияи сайёҳии экологии фарҳангии «Помир», намояндагони осоишгоҳҳои табобатию солимгардонии «Гармчашма», «Авҷ» ва «Бибӣ Фотимаи Зуҳро» дар Ярмаркаи байналмилалии сайёҳии Тошканд-2023 иштирок намуда, зарфияти сайёҳии солимгардонии чашмаҳои гарму шифобахши вилоятро муаррифӣ намуданд. Бештари намояндагони соҳаи сайёҳии вилоят бо мақсади муаррифӣ намудани зарфияти сайёҳии минтақа дар бозорҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ аз брендҳои «Кӯҳҳои Помир», «Бабри барфӣ», «Тути Помир», «Архари Марко Поло», «Морхӯр» ва ғайра истифода менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Мухтори Кӯҳистони Бадахшон