Иштироки Тоҷикистон дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) натиҷагирӣ гардид

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим /COP28/, ки соли 2023 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардида буда, зимни баргузории ҳамоиш дар Душанбе натиҷагирӣ гардид.

Ба  АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Таъкид шуд, ки ҳадафи ҳамоиш муаррифии натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва инъикоси қарорҳо мебошад.

Дар ҳамоиш аз ҷониби масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се рӯнамо манзур гардид, ки дар онҳо натиҷаҳои бадастоварда, аз ҷумла баррасии гуфтушунидҳо ва аҳамияти онҳо ба ҷараёни маблағгузории иқлимӣ ва натиҷаҳои COP28 ва таъсири онҳо ба маблағгузории иқлимӣ аз ҷониби шарикони рушд ва натиҷаҳои фаъолияти пурсамари павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP-28 баррасӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон