6 феврал дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои ҳамкории сайёҳии Тоҷикистон ва Туркияро мавриди баррасӣ қарор дода, рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ ва афзоиши шумораи сайёҳони тоҷику туркро муҳим арзёбӣ намуданд.
Аз натиҷаи ин ҷаласа санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Протокол ва Нақшаи амали он ба имзо расонида шуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи сафар ҳайати Тоҷикистон дар Агентии муаррифӣ ва рушди сайёҳӣ (TGA), Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар сохторҳои давлатию тиҷоратии соҳаи сайёҳии Туркия бо роҳбарият мулоқот анҷом дод.
Зимни ҷаласаҳо оид ба сохтор ва фаъолияти ин ташкилот рӯнамоҳои дахлдор пешниҳод гардида, имконияти тақвияти ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти мубодилаи таҷриба байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат баррасӣ шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон