Ҳайати Қирғизистон бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид

5 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  рафти корҳо дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» иттилоъ медиҳад.

Меҳмононро мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар иншооти асосии неругоҳ аз наздик шинос намуданд.

Боздид аз иншооти нақби сохтмонии қабати чаҳорум (СТ-4), сарбанди бунёдшавандаи хокию сангии баландтарини дунё бо иртиқои 335 метр, обқабулкунакҳои асосии неругоҳ дар тарози 1172 метр аз сатҳи баҳр, толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва дигар иншооту нақбҳои нақлиётию дастрас, ки ҳама дар зери замин ҷойгир мебошанд, барои ҳайати дипломатҳо  мароқангез ва қобили таваҷҷуҳ буд.

АКС: Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»