– Шумо тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳӣ, манзараҳои зебо, намудҳои гуногуни ҳунарро дӯст медоред?
– Оё фаъолияти блогерӣ мекунед ва ин кор бароятон писанд аст?
– Мехоҳед фаъолияти блогерии Шумо боз ҳам вусъат ёбад ва ба Шумо шуҳрати бештар орад?
Пас, озмуни навбатӣ барои Шумост!
Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶММ “Diyor-Travel” (Саёҳати Диёр) озмуни “Маъруфтарин блогери сайёҳӣ”-ро эълон мекунад.
Барои ширкат дар озмун танҳо ба Шумо лозим аст, ки навори сабткардаи худро ба телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” равон намоед.
Навор бояд босифат, муъҷаз ва ҷолиб бошад.
Озмун дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст гардида, ғолибонро диплому ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ интизоранд!
Ҳамзамон, барои блогерони хориҷие, ки самти сайёҳии мамлакати моро тарғиб мекунанд, ҷоизаи махсуси озмун таъсис дода шудааст.
Иштирокчиён метавонанд маводи худро мустақиман ё тавассути Telegramm ва Whatsapp бо рақами (+992)115000599 равон намоед.
Санаи охирини пешниҳоди мавод барои озмун 10 марти соли равон.
Маълумоти иловагӣ тавассути сомонаи телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” www.tvsayohi.tj почтаи элекронии tvsayohi@gmail.com ва телефони 225 20 26
Шитобед ва дар муаррифии Ватани азизамон ҳиссагузор бошед!