Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футболро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа бомуваффақият ҳунарнамоӣ дорад, қадрдонӣ намуданд.
АМИТ “Ховар” бо истинод ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармоиши муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд. Илова бар ин, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз пирӯзии тими миллии мамлакат дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи зарбаҳои 11-метра) ба даста 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуданд.
Ҳамчунин дар ҳолати пирӯзӣ дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё бар Урдун барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ҷудо хоҳад шуд.
Инчунин дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши мамлакат сабт намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври чорякниҳоӣ дастаи мунтахаби мамлакат 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ менамояд. Ин дидор дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
АКС аз бойгонӣ