Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии «Академияи
идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
озод намудани Ғафурзода А.Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№725

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҷаъфарзода Латофат Қаландар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон озод карда шавад.

2. Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Маҷидзода Фирдавс Маҷид аз вазифаи судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№726

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи
раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
озод намудани Баротзода Ф.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Баротзода Файзулло Раҷаб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№727

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи
раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон
озод намудани Асозода Д.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Асозода Дилшод Алимурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№728

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон
озод намудани Ҷаббори Ғ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷаббори Ғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№729

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Данғараи
вилояти Хатлон озод намудани Раҳмон И.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№730

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи
раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
озод намудани Мирзозода М.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Мирзозода Музаффар Бурҳон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№731

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Муъминободи вилояти Хатлон
озод намудани Шарифзода Л.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шарифзода Лутфия Шариф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№732

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон
озод намудани Холмурод Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Холмурод Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№733

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Файзобод озод намудани
Холзода Б.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Холзода Бобишо Нарзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№734

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Рашт озод намудани
Муқимӣ Р.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№735

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд
озод намудани Қудратзода Т.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қудратзода Тоҳир Толибӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№736

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Сафарзода Д.Ҷ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Даврон Ҷурахон ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№737

Сафарзода Даврон Ҷурахон

аз августи соли 2020 дар вазифаи ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Соли таваллуд 6 ноябри соли 1982               Ҷойи таваллуд шаҳри Кӯлоб

Миллат              тоҷик                                     Таҳсилот           олӣ

соли 2006 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос: педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ

Унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аз 04.09.2020, №2050

Вазъи оилавӣ оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2001-2006- Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 2006-2010- Ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 2010-2012- И.в. ҷонишини декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Соли 2012 (11-12)- Мутахассиси пешбари шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 2012-2013- И.в. сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 2013-2017- Ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи  таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 2017-2019- Сардори шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2019-2020- Сардори раёсати таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2020-(05-08)- Сардори раёсати таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз августи  соли 2020
то 30 январи соли 2024
Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
таъин намудани Муминзод А.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Муминзод Абдулмаҷид Мубин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№738

МУМИНЗОД  Абдулмаҷид Мубин

аз 24 июли соли 2019 дар вазифаи  Сардори хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   кор мекард.

Соли таваллуд 07 майи соли 1979              Ҷои таваллуд ноҳияи Вахш

Миллат тоҷик                                               Маълумот  олӣ

соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм кардааст

Донишҷӯи соли охири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ихтисос иқтисодчӣ менеҷер

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не   не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2001-2003 Муҳосиби корхонаи масъулияташ маҳдуди «Султони Кабир»
Солҳои 2003-2006 Мутахассиси пешбар, сармутахассиси Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2011 Сардори шуъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2014 Сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2016 Сардори шуъбаи ташкили назорати арзӣ, арзиши гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифии Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2016-2019 Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз июли соли 2019
то 30 январи соли 2024
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон
таъин намудани Шарифӣ Ф.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№739

ШАРИФӢ  Фирӯза Бурихонзода

аз 03 январи соли 2020 дар вазифаи Муовини Раиси вилояти Хатлон кор мекард.

Соли таваллуд   6 октябри соли 1973     Ҷои таваллуд  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Миллат   тоҷик                                              Маълумот   олӣ

Соли 1995 Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос   филолог

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ,  англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не      не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1995 – 1996 Муҳаққиқ – коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистон
Солҳои 1996 – 1999 Аспиранти кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистон
Солҳои 1999 – 2001 Мушовири шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ
Солҳои 2001 – 2002 Сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ
Солҳои 2002 – 2003 Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ
05-10        соли 2003 Муовини сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон
Солҳои  2003 – 2007 Сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон
Солҳои 2007 -2013 Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон
Молҳои 2013-2016 Мудири шӯъбаи кор бо занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ
Солҳои 2016-2020 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз моҳи январи соли 2020
то 30 январи соли 2024
Муовини Раиси вилояти Хатлон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон
таъин намудани Муминзода М.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№740

МУМИНЗОДА Мастура Табарӣ

аз 13 августи соли 2019 дар мансаби Муовини Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон кор мекард.

Соли таваллуд 13 декабри 1974                 Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара

Миллат        тоҷик                                         Таҳсилот       Олӣ

Соли 1998 Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст

Ихтисос иқтисодчӣ

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не    не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не

Вазъи оилавӣ  оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1993-1996 — Муҳосиби  корхонаи фаръии «Адолат» ширкати «Тавҳид»-и  ноҳияи Данғара
Солҳои 1996-1998 — Муҳосиби  литсеи агросаноатии Ю. Акинои ноҳияи  Данғара
Солҳои 1998-2003 — Мутахассиси  шӯъбаи иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Данғара
Солҳои 2003-2011 — Мудири  бахши умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара
Солҳои 2011-2017 Мудири  шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи  раиси ноҳияи Данғара
Солҳои 2017-2018 Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара
Солҳои 2018-2019 Муваққатан бекор
аз августи соли    2019
то 30 январи соли 2024
Муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
таъин намудани Суризода Н.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Суризода Носир Мародбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№741

СУРИЗОДА Носир Мародбек

аз  21 январи соли 2022  дар мансаби  Муовини раиси шаҳри Хоруғ кор мекунад

Соли таваллуд   24  майи соли 1984          Ҷои таваллуд ноҳияи Шуғнон

Миллат   тоҷик                                              Таҳсилот   олӣ

Соли  2006  Донишгоҳи давлатии  шаҳри Хоруғ,   соли  2014 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ (ғоибона)

Ихтисос   1. шарқшинос, 2 иқтисодчӣ

Унвони илмӣ  надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ, форсӣ, арабӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не ҳаст

Бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2006-2008 Омӯзгори мактаби №38 ноҳияи Шуғнон
Солҳои 2008 – 2009 муҳосиби ташкилоти ҷамъиятии ноҳиявии «Сурӣ»-и ҷамоати деҳоти Вер
Солҳои 2009-2010 Афсари қарздиҳии ноҳияи Шуғнон дар ТКХ «Рушди Помир»
Солҳои 2010-2013 Сармутахассиси бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Шуғнон
Солҳои 2013-2022 Раиси Ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон
аз январи соли 2022 то имрӯз Муовини раиси шаҳри Хоруғ

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи
вилояти Хатлон таъин намудани Саломзода С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№742

САЛОМЗОДА Сиҷоуддин            

Аз 11 январи соли 2023 дар вазифаи Муовини Раиси шаҳри Душанбе кор мекард.

Соли таваллуд   2 июни соли 1965              Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара

Миллат   тоҷик                                             Маълумот       олӣ

соли 1989  Донишкадаи политехникии Тошкентро хатм кардааст

Ихтисос     муҳандиси кӯҳӣ, геофизик

Рутбаи  тахассусӣ мушовири давлатии ҶТ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, ӯзбекӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  соли 2009 Ордени «Шараф дараҷаи 2»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1981-1982

Коргари совхози «ХII партсъезд», ноҳияи Данғара

Солҳои 1982-1983

Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тошкент

Солҳои 1983-1985

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС

Солҳои 1986-1989

Давоми таҳсил дар Донишкадаи политехникии Тошкент

Солҳои 1989-1994

Геофизик-оператор, сардори отряди сейсмологӣ, муҳандис-геофизики Экспедитсияи ҷанубӣ, шаҳри Орҷоникидзеобод

Солҳои 1994-1995

Сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи истеҳсолии «Наврӯз», шаҳри Кулоб

Солҳои 1995-2003

Таъминотчӣ, сардори сехи электрикии конструксияи оҳану бетонии № 8, муовини директори генералии Ширкати «Саддам», шаҳри Сарбанд

Солҳои 2003-2004

Нозири кӯҳӣ-техникии Госгортехнадзори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2006

Муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони НОБ-и Роғун, шаҳри Роғун

Солҳои 2006-2011

Муовини аввали Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2013

Котиби Шӯрои нозирони ҶСК «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун»»

Солҳои 2013-2015

Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2015-2018

Раиси шаҳри Турсунзода

Солҳои 2018-2020

Раиси шаҳри Исфара

01-03 соли 2020

И.в. Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

Солҳои 2020-2023

Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

аз январи  соли 2023
то 30 январи соли 2024

Муовини раиси шаҳри Душанбе

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси ноҳияи
Муъминободи вилояти Хатлон
таъин намудани Амирзода С.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№743

АМИРЗОДА Сайвалӣ Раҳмоналӣ

аз 27 ноябри соли 2018 дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Муъминобод  кор мекард.

Соли таваллуд 16 июли соли 1978          Ҷои таваллуд ноҳияи Муъминобод

Миллат   тоҷик                                        Таҳсилот олӣ

Cоли 2000 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос иқтисодчӣ-менеҷер, ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1995 – 2000 Донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, шаҳри Душанбе
01-05 соли 2001 Нозири нозироти андози н.Шоҳмансури ш.Душанбе
Солҳои 2001-2004 Нозир, нозири калони шуъбаи фаврии фурудгоҳи нақлиёти ҳавоии Раёсати гумруки шаҳри Душанбе 
Солҳои 2004-2005 Нозири департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии ҶТ 
Солҳои 2005-2007 Нозири калони шуъбаи гумруки ноҳияи Ҳисори Раёсати Вазорати даромадҳо ва партохтҳои ҶТ дар ш.Турсунзода
Солҳои 2007-2009 Нозири гумруки майдони ҳавоии Раёсати гумруки минтақавии гумруки шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2016 Нозири калони Раёсати танзими тарифҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ
Соли 2016 (03-08) Сардори дидбонгоҳи гумрукии н.Данғараи Раёсати гумруки в.Хатлон
Солҳои 2016-2017  Дар захираи кадрии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ
Солҳои 2017-2018  Сарнозири дидбонгоҳи назорати гумруки мусофирони гумруки «Майдони ҳавоӣ»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ
аз ноябри соли 2018
то 30 январи соли 2024
Муовини якуми раиси ноҳияи Муъминобод

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси ноҳияи
Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон
таъин намудани Холиқзода Р.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Холиқзода Рустам Ҳикматулло раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№744

ХОЛИҚЗОДА Рустам Ҳикматулло

аз 12 июли  соли 2021 дар вазифаи   Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷалоллиддини  Балхии вилояти Хатлон  кор  мекард.

Соли таваллуд 28 майи соли 1971         Ҷои таваллуд ноҳияи Ҷ. Балхӣ

Миллат тоҷик                                           Таҳсилот олӣ

соли 1991 Техникуми молиявӣ-иқтисодии Душанбе (рӯзона)

соли  2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст

Ихтисос муҳосиби молия, иқтисодчӣ-муҳандис

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси Ҷамоати

шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ оиладор

Кор  ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1993-1999-

Ҳисобчӣ-хазиначӣ дар Маркази радиоии №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Солҳои 2000-2001-

Ҷонишини директори Маркази радиоии №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Солҳои 2001-2003- Сардори хоҷагии таҷрибавии ба номи Н. Қарабоеви   ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Солҳои 2004-2006- Муҳандиси Маркази радиоии №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Соли 2006 (08-10)- Устои барқ дар филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Солҳои 2007-2017- Муовини директори Маркази радиоии №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Солҳои 2017-2020- Раиси Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Солҳои 2020-2021- Муваққатан бекор
Аз июли соли 2021
то 30 январи соли 2024
Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
таъин намудани Набизода Ф.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Набизода Фаррухиддин Амрудин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№745

Набизода Фаррухиддин Амурдин

аз 10 апрели соли 2023 дар вазифаи сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд  4 апрели соли 1975      Ҷои таваллуд н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Миллат            тоҷик                                   Таҳсилот           олӣ

соли 1994 Техникуми кооперативи шаҳри Душанбе,

соли 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос      агрономӣ, олим — агроном

Унвони илмӣ   надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, англисӣ бо луғат

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не           не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2022, №417 бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Вазъи оилавӣ   оиладор

 Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2002-2003

ёрдамчии ҷангалбони хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ
Солҳои 2006-2009

агрономи соҳавии Раёсати хоҷагии ба номи Карл Маркси ноҳияи Ҳисор
Солҳои 2009-2012

мутахассиси пешбари шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғаллаи Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2014

мутахасиси пешбари Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 23.01.2014то 03.03.2014

 сармутахассиси Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2018

сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2018-2019-

муовини сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2019-2023

сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 10.04.2023
то 30 январи соли 2024
сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон
таъин намудани Абдуллозода Т.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Абдуллозода Тағой Маҳкам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№746

АБДУЛЛОЗОДА  Тағой Махкам

аз 2 марти соли 2021  дар мансаби   муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон  кор мекард.

Соли таваллуд  6 августи соли 1976            Ҷои таваллуд  ноҳияи Ёвон

Миллат  тоҷик                                                 Таҳсилот олӣ

соли  1998   Донишгоҳи  аграрии Тоҷикистон (рӯзона), соли 2006 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро (ғоибона)   хатм кардааст

Ихтисос    зоотехник, ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ    надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не    вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   не

Вазъи оилавӣ   оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1998-2001 Зотпарвари хоҷагии С.Ҷумаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ
Солҳои 2001-2002 Ҷонишини роҳбари хоҷагии С.Ҷумаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ
Соли 2002 (07-11) Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят
Солҳои 2002-2005 Сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии вилоят
Солҳои 2005-2012 Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят
Солҳои 2012-2013 Сардори филиали Муассисаҳои давлатии Трести чарогоҳу мелиоративии минтақаи Бохтар
Соли 2013 (03-08) Зоотехники хоҷагии деҳқонии фермерии «Бобои Абдулло» ноҳияи Ҷ.Балхӣ
Солҳои  2013-2014 Мутахассиси пешбари хадамоти назорати давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2015 Мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Солҳои 2015-2018 Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Солҳои 2018-2021 Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ
аз марти   соли 2021 то ҳол Муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод
таъин намудани Каримзода М.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Каримзода Мансур Тағой иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№747

КАРИМЗОДА Мансур Тағой

аз  15 феврали соли 2022 дар мансаби  муовини Раиси шаҳри Ваҳдат кор мекард.

Соли таваллуд    23 декабри соли 1981       Ҷои таваллуд  ноҳияи Файзобод

Миллат   тоҷик                                         Таҳсилот  Олӣ

Соли 2005 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос    муҳандис-технолог

Унвони илмӣ    номзади илмҳои кишоварзӣ

Кадом забонҳои хориxиро медонад          русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ аст ё не   вакили Маxлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод аз солҳои 2015-2020 ва 2020-2025

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати Шоиста»

Вазъи оилавӣ    оиладор, соҳиби 2 фарзанд

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2005 – 2008 Асистенти кафедраи «Технологияи коркарди маҳсулоти чорво» дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Душанбе
Солҳои 2008 – 2011 Омӯзгори кафедраи «Технологияи коркарди маҳсулоти чорво» дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Душанбе
Солҳои 2011 – 2013 Асперанти бахши рӯзонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Душанбе
Солҳои 2013 – 2017 Омӯзгори калони кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорво дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Душанбе
Солҳои 2017 – 2021 Муовини якуми Раиси ноҳияи Файзобод
аз  феврали соли 2022
то 30 январи соли 2024
Муовини Раиси шаҳри Ваҳдат

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт
таъин намудани Идизода З.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Идизода Зарина Фузайлшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№748

ИДИЗОДА Зарина Фузайлшо

аз   соли 2020   дар  мансаби  Муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт  кор мекард.

Соли таваллуд   2  майи соли 1979          Ҷои таваллуд   ноҳияи Рашт

Миллат   тоҷик                                         Таҳсилот   олӣ

Соли  2000 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айниро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос   забон ва адабиёти тоҷик

Унвони илмӣ    надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не   не

Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   не

Вазъи оилавӣ   оиладор

Кор  ва фаъолияти собиқа:

Солҳои  2000-2009- Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ноҳияи Рашт
Солҳои  2009-2013- Сардори шуъбаи тарбияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Солҳои  2013-2015- Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Солҳои 2015-2016- Сармутахассиси Маркази сифати таҳсилоти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Солҳои 2016-2017- Мудири кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Солҳои 2017-2019 Мудири маорифи ноҳияи Рашт
Солҳои 2019-2020 Муовини Раиси ноҳияи Рашт
Солҳои 2020-2022 Муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд
таъин намудани Юлдошзода О.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Юлдошзода Олимбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№749

ЮЛДОШЗОДА Олимбек

аз  8 апрели соли  2022 дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов кор мекунад

Соли таваллуд 22 январи соли 1982           Ҷои таваллуд ноҳияи Б.Ғафуров

Миллат тоҷик                                              Таҳсилот олӣ

соли  2005  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва соли 2016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро  хатм кардааст

Ихтисос ҳуқуқшинос, муҳандис-заминсоз

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ оиладор

Суроға шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Қори Ниёзӣ, хонаи 38

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2008-2009 Ҳуқуқшиноси ҶДММ «Меҳроҷ», шаҳри Хуҷанд
06-09 соли 2009 Ҳуқуқшиноси КВД Маркази табобату маслиҳати ва ташхиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2009-2011 Ҳуқуқшиноси ҶСП «Бозори Суғдиён», шаҳри Хуҷанд
Сольои 2011-2012 Мутахассис-ҳуқуқшиноси КДФ «Заминсоз» дар ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 2012-2014 Директори КДФ «Заминсоз» дар ноҳияи Б.Ғафуров
Солҳои 2014-2018 Директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2018-2019 Муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд
Солҳои 2019-2020 Директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд
Солҳои 2020-2022 Сардори Сарраёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Аз 8 апрели соли 2022 то ҳоло Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов