Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти унвони «Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград аз муҳосираи Олмон» бахшида ба 80-солагии озодшавии шаҳри Ленинград ва корнамоии қаҳрамононаи халқи тоҷик дар он намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, директори генералии Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия Сергей Рибаков, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ, намояндаи Губернатори Санкт-Петербург дар Маҷлиси қонунгузор Константин Сухенко ва дигар шахсони расмии ҳарду давлат иштирок намуданд.
Иштирокдорон роҷеъ ба саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград маъруза намуда, таъкид доштанд, ки дар лаҳзаҳои фоҷиабор дар радифи дигар халқу миллатҳо халқи тоҷик ба кумаки Ленингради муҳосирагашта шитофт. Аз нахустин рӯзҳои ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳазорҳо аризаҳои ихтиёриён барои бо хоҳиши худ ба таври фаврӣ ба сафи Артиш фиристодан пешниҳод шуданд. Дар солҳои мудҳиши Ҷанги дуюми ҷаҳон, шуруъ аз аввалин моҳҳои ҷанг беш аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба муҳорибаҳо равона шуда, аз се як ҳиссаи онҳо аз майдонҳои набард барнагаштанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон