Пагоҳ, 28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин рӯз кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат техникаҳои кории кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ярмарка-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд.
Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мо аст, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Тиргон қарор дорад ва дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи куҳани мардуми мо панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи обон то анҷоми моҳи исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд. Ҷашни Сада оғози коҳиш ёфтани фасли сармо аст, яъне сад рӯз пас аз оғози ҳамин фасли сармо ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то ҷашни Наврӯз ҷашни Сада ё ҷашни оташ таҷлил мегардид.
Сада дар фарҳангномаҳо, аз ҷумла «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо ва фарҳангҳои дигар ғолибан ба маънии ҷашн аст, ки дар даҳуми моҳи баҳман, яъне сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳа дар сарзамини ориёиҳо баргузор мешуд ва дар ин ҷашн мардум оташафрӯзӣ менамуданд.
Дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» омадааст, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ «сазақ» ва «садақ» шудааст, ҷашне мебошад, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ дар маросими хосса анҷом мегирад.
Эҳёи дубораи ҷашну маросим ва суннатҳои мардумии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва даҳҳои дигар дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон гувоҳи равшани ба асолату рисолати таърихӣ бозгаштани миллати мо аст. Аксари ин маросим, хусусан Наврӯз, Меҳргон ва Сада таҷассуми одобу хирад, фарҳангу маданият, хуллас симои маънавии мардуми тоҷик мебошанд. Яке аз вижагиҳои барҷастаи ин маросим ва аксари ойину суннатҳои дигари мо дар он ифода меёбад, ки онҳо на фақат ормонҳои миллӣ ва орзуву ҳадафҳои баланди мардуми моро ифода менамоянд, балки аксарашон дурахши ормонҳои башарӣ буда, меҳру муҳаббат ва ишқу орзуи одамизодро таҷассум сохтаанд. Яъне ба орзуву омол ва дардҳои тамоми башар ҳамсадову ҳамнаво мебошанд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар Ботсвана баргузор шуд, бо ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азаматашро барқарор намуд.
Имрӯз ҳам пешниҳоди Сарвари фархундаву Пешвои миллати мо аст, ки Сада — ин ҷашни бостонии тоҷикон ба таври васеъ ва дар сатҳи баланд дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдонҳои варзишии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти Тоҷикистон пуршукуҳ таҷлил мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»